Дӯстони гиромӣ!

Ба торнамои мо хуш омадед!

суббота, 3 декабря 2011 г.

Рӯзномаи «Дам» нашр шуд


Баъд  аз  интизориҳои  зиёди  мухлисон  ниҳоят  шумораи  нахустини  рӯзномаи  хусусии  «Дам»  интишор  гардид, ки  дар  фазои  иттилооти вилояти  Суғд  воқеаи  фараҳбахш  аст.  Муассис  ва сардабири  рӯзнома  шоир, узви  Иттифоқи  нависандагони  Тоҷикистон,  рӯзноманигори  шинохта  Ҷӯра  Юсуфӣ,  мушовир  ходими  адабии  Иттифоқи  нависандагон,  нависанда  ва  таърихнигор - Мирзо  Шакурзода, дар ҳайати  эҷодӣ – шоир,  узви  иттифоқи  нависандагони  Тоҷикистон, олим, номзади  илмҳои суханшиносӣ- Маликнеъмат, шоир, узви  Иттифоқи  нависандагони Тоҷикистон,  муҳаррири  рӯзномаи  «Машъал»-Олимхон  Исматӣ, шоир, сардори идораи  шуғли  аҳолии  ноҳияи Мастчоҳ - Абдуқодири  Абдуллохон, шоир, муҳаррири  «Паёми  кӯҳистон»-Абдуллоҳи  Фозил  ва  чанд  нафар  эҷодкорони  дигар  шомил  шудаанд,  ки  ҳама  қаламкашони  шинохтаанд.