Дӯстони гиромӣ!

Ба торнамои мо хуш омадед!

среда, 1 февраля 2012 г.

Шумораи навбатии “Дам”


Шумораи  январии  “Дам”  дар  ҳаҷми   24  саҳифаи  А4  нашр  гардид. Дар саҳифаи  аввали  он  ба  муносибати  60-солагии  шоири  зиндаёд  Қувват  Давлат – тарҷумаи  ҳоли  мухтасари  шоир,  ашъори  номатбӯъи  ҳаҷвии  ӯ  ҳамроҳ  бо  акси  адиб  ҷой  дода  шудаааст.
Дар  саҳифаи  3  акси  садои  хонандагони  “Дам” аз  нутқи  президенти  кишвар,  ки  гуфта  буд : “Ба  ман  хушомад  назанед”  навиштаҳои  Абдулло  Фозил  ва  Мирзонабии  Холиқзод-радиои  “Озодӣ” интишор  гардидаанд.
Дар  саҳифаи  4 ва 5 навиштаи таҳлилии Абдуқодири  Абдуллохон “Дӯсту  душманро  шинос”ва  дар  саҳифаи  8  нигоштаи  Мирзо  Замон  таҳти  унвони  “Ном  ба кӯчамонда”аз  беҳтарин  маводҳои  ин  шумора  маҳсуб  мешаванд. 
Таҳти  унвони  рубрикаи  “Гуфтугӯи  тамаддунҳо”  андешаҳои  рӯзноманигор  Шоҳмирзои  Хоҷамуҳаммад “Ҷилваҳои  фарҳанги  Фаронса”  ва “Масал дар  Куръони Карим – навиштаи  арабшинос Хоҷихони  Азиз  матбӯъ  шудаанд.
“Розҳои  растагорӣ”-и Мирзо  Шукурзода  ва  “Оина  шудам,  боз  шикастанд  маро” нигоштаи  Маликнеъмат  дар  ёдбуди  нависандаи  ҷавонмарг – Ҷумъа  Азиз  низ  аз  қабили  маводҳои  хондании  ин  шумора  мебошанд.

Шумораро  ба  пуррагӣ  дар  шакли  PDF аз  ин  ҷо  хонед:
http://www.scribd.com/doc/80244346/DAM-2-4-DAM