Баъд аз интизориҳои зиёди мухлисон ниҳоят шумораи нахустини рӯзномаи хусусии «Дам» интишор гардид, ки дар фазои иттилооти вилояти Суғд воқеаи фараҳбахш аст. Муассис ва сардабири рӯзнома шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, рӯзноманигори шинохта Ҷӯра Юсуфӣ, мушовир ходими адабии Иттифоқи нависандагон, нависанда ва таърихнигор - Мирзо Шакурзода, дар ҳайати эҷодӣ – шоир, узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, олим, номзади илмҳои суханшиносӣ- Маликнеъмат, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, муҳаррири рӯзномаи «Машъал»-Олимхон Исматӣ, шоир, сардори идораи шуғли аҳолии ноҳияи Мастчоҳ - Абдуқодири Абдуллохон, шоир, муҳаррири «Паёми кӯҳистон»-Абдуллоҳи Фозил ва чанд нафар эҷодкорони дигар шомил шудаанд, ки ҳама қаламкашони шинохтаанд.
Дӯстони гиромӣ!
Ба торнамои мо хуш омадед!
суббота, 3 декабря 2011 г.
среда, 23 ноября 2011 г.
Хонандаи гиромй!
Рўзномаи тозанашри «Дам»-ро шумораи дуюм интишор гардид. Аз номањои табрикиву шодбоши шумо маълум шуд, ки шумораи аввалро хуш истиќбол намудед! Њайати эљодии рўзнома тасмим гирифтааст, ки дар сафањоти худ навиштањои љолибу рўзмарраро аз њаёти мардуми тољик ва дар ин замина аз рўзгори ањли башар нашр бинамояд. Чун яке аз маънињои вожаи «Дам»-«истироњат кардан» аст, мехоњем, ки хонандаи азиз њангоми мутолиаи рўзномаи мо њам олами маънавияшро ѓанї гардонад ва њам истироњат намояд. Ба њамин маънї минбаъд сањифањои охири рўзномаи «Дам»-ро бо расмулхати ниёгонамон, ба истилоњ «форсї» мунташир хоњем кард. Ин агар аз як тараф рўи истифода овардани хатти аљдодиамон бошад, аз тарафи дигар пайванди маънавии мову њамзабононамонро дар Эрону Афѓонистон таъмин хоњад кард.
Имрўз Тољикистон бо шарофати касби истиќлол зуњури худро дар радифи мутамаддинтарин давлатњои дунё санљиш мекунад. Яъне чунон, ки мегўянд; «Тољикистон љањонї мешавад». Аз ин лињоз њар як ќадаме, ки барои пешравї дар соњоти гуногун гузошта мешавад, боиси хушнудї ва некфолии ояндаи мо хоњад буд.
Подписаться на:
Сообщения (Atom)