Рўзномаи тозанашри «Дам»-ро шумораи дуюм интишор гардид. Аз номањои табрикиву шодбоши шумо маълум шуд, ки шумораи аввалро хуш истиќбол намудед! Њайати эљодии рўзнома тасмим гирифтааст, ки дар сафањоти худ навиштањои љолибу рўзмарраро аз њаёти мардуми тољик ва дар ин замина аз рўзгори ањли башар нашр бинамояд. Чун яке аз маънињои вожаи «Дам»-«истироњат кардан» аст, мехоњем, ки хонандаи азиз њангоми мутолиаи рўзномаи мо њам олами маънавияшро ѓанї гардонад ва њам истироњат намояд. Ба њамин маънї минбаъд сањифањои охири рўзномаи «Дам»-ро бо расмулхати ниёгонамон, ба истилоњ «форсї» мунташир хоњем кард. Ин агар аз як тараф рўи истифода овардани хатти аљдодиамон бошад, аз тарафи дигар пайванди маънавии мову њамзабононамонро дар Эрону Афѓонистон таъмин хоњад кард.
Имрўз Тољикистон бо шарофати касби истиќлол зуњури худро дар радифи мутамаддинтарин давлатњои дунё санљиш мекунад. Яъне чунон, ки мегўянд; «Тољикистон љањонї мешавад». Аз ин лињоз њар як ќадаме, ки барои пешравї дар соњоти гуногун гузошта мешавад, боиси хушнудї ва некфолии ояндаи мо хоњад буд.
Комментариев нет:
Отправить комментарий